Асоснок карда шудааст, ки дар шароити муосир омӯзиши асосҳои методологии гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ дар саноат ва татбиқи амалии онҳо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Маркетинг ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи идоракунии корхона баррасӣ шудааст, ки дар густариши бартариҳои рақобатии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳама гуна иқтисодиёт, ки ба принсипҳои бозорӣ асос ёфтаанд, аҳаммияти калидӣ дорад. Мудаллал гардидааст, ки аз рӯи ҳадафҳои худ, тадқиқоти маркетингиро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: якдафъаина ва доимӣ. Асоснок карда шудааст, ки андозагирии фаъолияти маркетингӣ кори мураккаб ва душвор аст. Баъзе равишҳои методологии арзёбии фаъолияти маркетингӣ, ки дар илм ва амалия мавҷуданд, ҷудо карда шудаанд. Ҳадафҳои асосии андозагирии муқоисавии натиҷаҳои фаъолияти корхона то ва баъди гузаронидани таҳқиқоти маркетингӣ муайян карда шудаанд. Мундариҷаи равиши методологӣ, ки ба ҳисоб кардани коэффитсиенти рақобатпазирии фаъолияти маркетингӣ асос ёфтааст, таҳлил карда мешавад. Таркиби нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории самаранокии фаъолияти маркетингӣ баррасӣ шудааст. Баъзе душвориҳои истифодаи методикаи арзёбии коэффитсиенти рақобатпазирии фаъолияти маркетингӣ дар вилояти Суғд асоснок карда шудаанд. Оид ба татбиқи равиши маҷмуии ҳамгирои ҳисобкунии нишондиҳандаҳои фаъолияти маркетингӣ пешниҳод гардидаанд..
маркетинг, корхонаҳои саноатӣ, арзёбии фаъолияти маркетингӣ, равишҳои методологӣ, нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ, коэффитсиенти рақобатпазирӣ
1. Дойль П. Маркетинг, ориентированный на стоимость / пер. с англ. Ю.Н. Каптуревского /П. Дойль. – Санкт-Петербург: Питер, 2001.– 480 с.
2. Могилевская О. Ю. Методические подходы к оценке эффективности маркетинговой системы промышленного предприятия / О. Ю. Могилевская // Економiка та держава. – 2014. - № 12. – С. 78-82.
3. Фэррис П. У., Бендл Н. Т., Пфайфер Ф. И., Рейбштейн Д. Дж. Маркетинговые показатели: более 50 показателей, которые важно знать каждому руководителю/ под ред. И. В. Тараненко. – Днепропетровск: Баланс Бизнес Букс, 2009. – 480 с.
4. Котлер Ф. Новые маркетинговые технологии. Методики создания гениальных идей. Маркетинг XXI века / Котлер Ф., де Без Ф.Т.; пер. с англ. Т.Р. Тэор. — Санкт-Петербург: Издательский дом «Нева», 2005. — 432 с.
5. Маркетинг, менеджмент: учебник / Под ред. М. Туган-Барановского, Л.В. Балабановой. – Донецк: ДонГУЭТ, 2001. – С. 594.
6. Маркетинг: основы профессионального успеха: учебник / Пер. с нем. Х. Хершген. - М.: ИНФРА-М, 2000. - С. 334.
7. Жаркова М.А. Особенности промышленного маркетинга // Маркетинг. - 2010. - №15. - С. 68 – 78.
8. Нагапетьянц Н.А., Тарасова Е.Е. Стратегии маркетинга и оценка эффективности их реализации // Вестник Белгородского университета кооперации, экономики и права. - 2012. - № 1. - 76 – 83 с.
9. Авезов А.Х., Дмитриева Д.В. Методы оценки эффективности маркетинговой деятельности на промышленном предприятии / А.Х. Авезов, Д.В. Дмитриева // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – Худжанд, 2020. - № 2 (15). – С. 58.
10.Судник В. Оценка эффективности маркетинговой деятельности предприятия / В. Судник // Справочник экономиста: профессиональный журнал)/ Маркетинг. – 2004. – №8. // https://www.profiz.ru/se/8_2004/oceffmdpp/ (Дата обращения: 19.11.2025).
11.Основы маркетинга. Краткий курс. / Пер с англ. — Москва: Издательский дом «Вильямс», 2007. – 656 с.