1. Ҳайъати таҳрири маљаллаи «Ахбори ДДЊБСТ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» мақолаҳои ба маҷалла омадаро дар давоми 1 моҳ баррасӣ мекунад.
2. Мақолаҳои илмии ба идораи маљалла омада, аз тақризнависии ҳатмӣ мегузаранд. Тақризнависӣ бидуни ифшо кардани ному насаби муаллифи маола ва муаллифи тацриз сурат мегирад.
3. Марҳилаҳои тақризнависӣ:
а) дар марҳилаи аввали тақризнависӣ пешбинӣ мешавад:
· муқаррар намудани мутобиқати мақола ба соҳаи маҷалла ва рубрикаҳои мавзўӣ
· риоя шудани талаботи маҷалла дар бобати ба расмиятдарории мақола
· муайян намудани сатҳи илмии баёни мавод
· мавҷудияти додаҳои оморӣ, ҷадвалҳо, диаграммаҳо, расмҳо, ки натиҷаҳои тадқиқотро тасдиқ мекунанд.
б) дар мавриди риояи талаботи банди 3.а тақризнависӣ ба мўҳтавои мақола сурат мегирад. Маќола бидуни зикри ному насаби муаллиф бо назардошти мавзуъ ба мутахассиси соҳа супурда мешавад, ки ў нуктаҳои зеринро муайян мекунад:
· мутобиқати муҳтавои мақола ба мавзўи он;
· муҳиммияти мавзуи мавриди тадқиқ;
· навигарии илмии мулоҳизаҳое, ки дар мақола омадааст;
· аҳаммияти назарӣ ва амалии натиҷаҳои тадқиқот;
4. Муқарриз дар давоми 15 рўзи корӣ ба ҳайъати таҳрир тақризеро ирсол мекунад, ки дар бобати нашри мақола пешниҳодҳо дорад.
5. Агар ба мақола тағйирот даровардан лозим бошад, муқарриз зикр менамояд, ки кадом тасҳеҳу иловаҳоро бояд муаллифи мақола ворид созад.
6. Дар мавриди тақризи манфӣ муқарриз вазифадор аст раддияи мудаллал пешниход кунад.
7.Ҳайъати таҳрир тақризро бидуни зикри номи муқарриз барои ислоҳи эродҳои муқарриз ба муаллифи мақола мефиристад. Муҳлати миёнаи ислоҳи мақола ду ҳафта аст. Дар мавриди норозӣ будан бо эродҳои муқарриз муаллиф бояд ба идораи маҷалла раддияи хаттиии мудаллал пешниҳод кунад.
8. Тақриз дар намуди чопӣ ва дар ҳомили электронӣ ба расмият дароварда, ба он муқарриз имзо мегузорад ва муҳри муассисаи ҷои кори муассис гузошта мешавад.
9. Нусхаҳои аслии тақризҳо дар Идораи маҷаллаи «Ахбори ДДЊБСТ» нигоҳ дошта мешаванд.
10. Ҳайъати таҳрир ҳақ дорад маводи ба идора омадаро бидуни тағйир додани муҳтаво таҳрири илмӣ ва адабӣ кунад.
11. Баъди як моҳ ҳайъати таҳрир муаллифро дар бораи натиҷаи тақриз ва мўҳлати нашри мақола огоҳ менамояд.
12. Ҳайъати таҳрир ба муаллиф як нусхаи электронии маҷалларо, ки дар он мақолаи ў нашр шудааст, пешниҳод менамояд.