0.0/5 оценка (0 голосов)

СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РУКНИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

Муаллиф (он)

Мустаҷобова Р.М.

Чакидаи мақола

Арзиши сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар даврони муосир ва нақши он дар таҳкими раванди давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Вазъи мураккаби кишвар пас аз ба даст овардани истиқлол ва таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, махсусан ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Нақши барҷаста ва беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар шароити печида ва вазнин бо иродаи қавӣ ва хирадмандӣ ба ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ, барқарории сулҳу ваҳдат ва таҳкими пойдевори давлатдорӣ мусоидат намуд, таъкид шудааст. Раванди музокирот ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 бо назардошти нақши мустақими Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таъкид шудааст, ки ин созишнома на танҳо қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, балки оғози марҳилаи нави барқарорсозии низоми сиёсии кишвар ва таҳкими давлатдорӣ низ буд, ки асоси онро ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа ташкил мекард. Дар шароити муосир, ки кишварҳои олам бо таҳдидҳои ҷиддии террористӣ, ифротгароӣ ва низоъҳои дохилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳалли муваффақонаи низоъҳои дохилӣ бо роҳи сулҳпарварӣ ва ваҳдатсозӣ мисоли барҷаста ва омӯзишист. Нақши фарҳанги ваҳдатпарварӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ҳамчун рукнҳои асосии ташаккули ҷомеа ва давлат таъкид шудааст.

Калидвожаҳо

Ваҳдати миллӣ, сулҳ, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Созишномаи сулҳ, амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, суботи сиёсӣ, сиёсати давлатӣ

Пайнавишт

1.    Эмомалӣ Р. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ: Иборат аз се ҷилд /Мураттиб С.Фаттоев. – Душанбе: Ирфон, 2001. – Ҷилди 1. (1992, ноябр – 1996, август). – 512 с.

2.    Пешвои миллат – меъмори ваҳдат (аз силсилакитоби “Ваҳдат, Давлат, Президент”). – Душанбе: Дониш, 2016. - 422 c.

3.    Раванди ваҳдат ва назарияи он.  – Душанбе: Илм, 2013. – 336 с.

4.    Сатторзода А. Арзишҳои ваҳдати миллӣ. – Душанбе, 2017. – 252 с.

5.     Шарифзода А., Сатторзода А. Асосгузори давлати навини тоҷикон. – Душанбе: Ирфон, 2022. – 368 с.

6.    Ятимов С. Асарҳо. – Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ, 2019. –  308 с.

Таърихи нашр

Вторник, 14 Октябрь 2025