0.0/5 оценка (0 голосов)

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ ТАКОМУЛИ ВАҲДАТУ СУБОТ ДАР ҶОМЕА

Муаллиф (он)

Мустаҷобова Р.М.

Чакидаи мақола

Мавзуи худшиносии миллӣ ва нақши он дар таҳкиму тақвияти суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баррасӣ шудааст. Мафҳумҳои “ваҳдати миллӣ”, “худшиносӣ” ва “худшиносии миллӣ” аз нигоҳи таърихӣ ва фалсафӣ ба риштаи таҳлил кашида, аз диди замони нав тафсир шудаанд. Ибтикороти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккули сиёсати фарҳангӣ судманд арзёбӣ шуда, баробари ин ба зарурати эҳёи ҳофизаи таърихии миллат, гиромидошти таъриху фарҳанг, забони модарӣ ва суннату анъанаҳои неки гузаштагон таъкид гардидааст. Бо зикри таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар даврони ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри гузашта, дур шудан аз аслу асолат, худшиносии миллӣ ва бегонашавиро сабаби аслии сар задани бесуботии сиёсӣ донистааст. Барои кам намудани таъсири пайомадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва пешгирии хатари падидаҳои дигар, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ба амнияту суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, зарурати андешидан ва роҳандозӣ намудани як силсила чораҳои муассир таъкид шудааст, ки дорои қимати амалӣ ва назариявӣ мебошанд.

Калидвожаҳо

худшиносӣ, ҳувият, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, раванди ҷаҳонишавӣ, фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ, ватан, миллат, халқ, давлатдории миллӣ

Пайнавишт

1.    Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз, 19.03.2022 //https://prezident.tj/event/speeches/25410

2.     Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  04.10.2019 // https://www.president.tj/event/speeches/19466

3.    Абдулмуинзода С. Эмомалӣ Раҳмон ва худшиносии миллӣ, 08.10.2022 // https://farazh.tj/sahifai-asosy/jomea/jemomal-ra-mon-va-hudshinosii-mill/

4.    Ваҳдат, Давлат, Президент. – Душанбе, 2010.- Ҷ.10.- 418 с.

5.    Қурбон Восеъ. Маромгӯйи ваҳдат ва истиқлолият. – Душанбе, 2017.

6.    Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. – Душанбе, 2007.

7.    Назарияи Ваҳдат: Маърифати иҷтимоии ваҳдати миллӣ: масъалаҳо, ҳолат ва дурнамо. – Ҷ. 14. – Қисми 1. – Душанбе: Дониш, 2012. – 348 с.

8.    Ҳафиз Раҳмон. Худшиносӣ – шинохти моҳияти ҳастӣ, 11.07.2019 // https://shuroiulamo.tj/tj/articles/ids/983

9.    Этика ва эстетика (матни лексияҳо). – Душанбе, 2018.

Таърихи нашр

Среда, 12 Март 2025