0.0/5 оценка (0 голосов)

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ТАЪСИРИ ВАО ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛИ АФКОРИ СИЁСИИ ШАҲРВАНДОН

Муаллиф (он)

Саидзода Шуҳрат Шукур

Чакидаи мақола

Таҳқиқи мавзӯи таъсири ВАО ба раванди ташаккулёбии афкори сиёсии шаҳрвандон дар муқоиса ба бештари масъалаҳои сиёсӣ нисбатан нав буда, имрӯз дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва  ҷангҳои иттилоотии байни қудратҳои ҷаҳонӣ баррасии илмии он муҳим ба назар мерасад. Ба ташаккул ва рушди тафаккури сиёсии шаҳрвандон омилҳои мухталиф, аз ҷумла ВАО, ки имрӯз онҳоро муҳаққиқаи чун шохаи чоруми ҳокимият баррасӣ мекунанд, таъсир мерасонанд. Таъсири ВАО дар дигаргунсозии афкории сиёсии шаҳрвандон аз ҳар воситаҳои дигар бештар буда, шаклгирии мафкураи сиёсии онҳо аз чигунагии навъи иттилоот вобастагии зиёд дорад. Рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ имкон фароҳам овард, ки одамон новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва макони ҷойгиршавии ҷуғрофиашон донишҳои сиёсии худро баланд бардошта, дар навбати худ, нисбати масъалаҳои мухталифи сиёсии ҷомеа назару андешаи хешро изҳор намоянд. Дар ҳолати паст будани саводи расонаии одамон иттилооти бегонаву зарарнок метавонад тавассути дигаргун сохтани афкори онҳо, ба суботи амнияти ҷомеа хатар эҷод намуда, садди роҳи пешрафти давлат гардад. Вобаста ба ин давлатҳои пешрафта барои амалӣ намудани ҳадафҳои геополитикии худ, бо роҳи сарфаи зиёди маблағ торафт тавонмандии ВАО-и худро боло бурда истодаанд. Ҷой доштани холигӣ дар фазои иттилоотӣ ба паҳншавии идеологияи барои ҷомеа бегона замина фароҳам оварда, ба ягонагиву суботи сиёсии ҷомеа рахна ворид месозад. Дар ин қарина давлатҳои рӯ ба рушд, ба мисли Тоҷикистон бо роҳи боло бурдани иқтидори ВАО метавонанд ба ташаккулёбии афкори солими сиёсии шаҳрвандон мусоидат намуда, амнияти иттилоотии хешро ҳимоя намоянд.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: ВАО, афкори сиёсии шаҳрвандон, ҷомеаи иттилоотӣ, ҷанги иттилоотӣ, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, амнияти иттилоотӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайнавишт

1.      Ахмедов, Ш.Р. Маќом ва наќши васоити ахбори омма дар сиёсат / Ш.Р. Ахмедов. [Матн] // ПаёмиДМТ. – 2014. – 3-8. – С.137-140.

2.      Ильин, А.Н. Интернет как альтернатива политически ангажированным СМИ /А.Н. Ильин.[Матн] // Полис. Политические исследования. – 2012. – №4. – С. 126-136.

3.      Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷииҷумҳурӣ» аз 21.12.2021 // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.URL: http://president.tj/node/27417) (санаи муроҷиат: 01.04.2022). – [Манбаи электронӣ]

4.      Фаттоњзода, С.С. Њамдамов Б., Саидов С. Давлат, сиёсат, љомеа / С.С. Фаттоњзода, Б.Њамдамов, С.Саидов. [Матн]. – Хуљанд: Ношир, 2018 – 616 с.

5.      Шарифов, Ш.Љ. Наќш ва вазифањои ВАО дар равандњои сиёсии љомеаи муосир  / Ш.Љ. Шарифов. [Матн] // ПаёмиДМТ. – 2016. – 2-8. – С. 299-303.

6.      Якубов, Ҷ.К. Ҳокимияти чаҳорум / Ҷ.К. Якубов. – [Матн]. – Хуҷанд: Ношир, 2017. – 180 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Декабрь 2022