Таҳлили тараққиёти корхонаҳои саноатӣ ба субут расонида, тағйирёбии тараққиёти прогрессивӣ ва регрессивӣ арзёбӣ гардид. Ба таҳлили истилоҳи “тараққиёт” диққати махсус дода шудааст. Таҳқиқи шароит ва тағйирёбӣ дар равандҳои иҷтимоӣ – иқтисодии тараққиёти корхонаҳои саноатӣ пешниҳод гардидааст. Мушоҳидаи зернизомҳо, таҳлили захираҳо ва дараҷаи тараққиёти иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ сурат гирифтааст. Тағйирёбии ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ ва нишондиҳандаҳои он ба ҳар сари аҳолӣ оварда шудааст.Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зикр шудааст. Муайян карда шудааст, ки инкишофи корхонаҳои мавҷуда метавонад ба сифати “муҳаррик” тамоми ҷумҳуриро аз бӯҳрони тӯлонӣ раҳо дода, рушди иқтисодии устуворро таъмин намояд.
саноатикунонии босуръати кишвар, бӯҳрони трансформатсионӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, муҳаррик