Ҷанбаҳои сиёсии таъсири муҳоҷират ба амнияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Зикр шудааст, ки муҳоҷират ҳамчун падидаи мураккаби глобалӣ ба сиёсат, амният, иқтисодиёт ва фарҳанги кишварҳо таъсири амиқ мерасонад. Чунин таъсиррасонӣ ҳам дар давлати қабулкунанда ва ҳам дар давати интиқолдиҳандаи муҳоҷирон эҳсос карда мешавад. Дар шароити муосир сатҳи баланди муҳоҷират боис мегардад, ки кишварҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирон ба сиёсати давлатӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии кишвари қабулкунанда вобастагии ҷиддӣ пайдо кунанд. Муҳоҷират дар муносибатҳои байнидавлатӣ на танҳо падидаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, балки ба абзори фишороварии сиёсӣ низ табдил ёфтааст. Зикр шудааст, ки сатҳи баланди муҳоҷират ба раванди таҳкими соҳибистиқлолии давлат низ таҳдидҳои ҷиддӣ ба миён меорад. Вобастагии аҳолӣ аз даромади муҳоҷирон дар навбати худ на танҳо ба вобастаии сатҳи зиндагии аҳолӣ, балки ба вобастагии рушди устувори иқтисодии кишвар аз вазъи сиёсӣ ва қонунгузории давлати қабулкунанда оварда мерасонад. Эҳтимоли гирифтории муҳоҷирон ба доми фиреби ҳар гуна созмонҳои ғаразноки сиёсӣ, тундгаро ва ифротгаро ба таври махсус зикр шудааст.
муҳоҷират, амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ, фишороварии сиёсӣ, геополитика, амнияти иқтисодӣ, идоракунии муҳоҷират
1. Валлерстайн И. Мир-система / И.Валлерстан. -Москва: Университетская книга, 2001. -368 с.
2. Витковская Г. М. Трудовая миграция из Центральной Азии в Россию: тенденции и последствия / Г.М. Витковская.-Москва: МАКС Пресс, 2011. -173с.
3. Воронов А. М., Сандугей А.Н. О системных проблемах государственного администрирования в сфере миграции / А.М.Воронов // Административное право и процесс. 2020. № 11. С. 52–56.
4. Кастелс С., Хаас Х. Век миграции. Международное движение населения в современном мире / С. Кастелс, Х.Хаас. -Москва: Дело, 2022. -342с.
5. Краснова К.А., Сибагатуллина Э.Т. Роль миграционного законодательства в укреплении государственного суверенитета и обеспечении общественной безопасности Российской Федерации / К.А. Краснова, Э.Т. Сибагатуллина // Миграционное право. 2011. № 3. - С . 6–9.
6. Мукомел В. И. Миграционная политика России: состояние и перспективы / В.И. Мукомел.- Москва: Институт социологии РАН, 2013. -265с.
7. Назаретян А. Д. Цивилизационные кризисы и миграционные процессы / А.Д. Назаретян.-Москва, 2010. -362с.
8. Сакаев В.Т. Риски высокой иммиграции для политического и экономического развития России / В.Т. Сакаев // Вестник Пермского университета. Политология. 2015. №4. - С. 159-174.
9. Семенова А.В. Современное состояние миграционной безопасности Российской Федерации / А.В. Семенова // Административное право и процесс. 2016. № 2. - С . 40–42.
10.Faletto E. Dependency and Development in Latin America / E. Faletto. -Berkeley: University of California Press, 1979. -308р.
11.Olcott, M. B. In the Whirlwind of Jihad / M. B. Olcott. -Washington: Carnegie, 2007. - 312р.
12.Olcott, M. B. Central Asia’s Second Chance / M. B. Olcott. -Washington, D.C.: Carnegie Endowment for International Peace, 2005.- 312р.
13.Strengthening Youth Resilience to Radicalization: Evidence from Tajikistan. World Bank. 2020, 74c. (маводиэлектронӣ). Суроғаи дастрасӣ https://www.worldbank.org/en/region/eca/publication/strengthening-youth-resilience-to-radicalization-evidence-from-tajikistanСанаи дастрасӣ: 18.01.2026
14.Sassen S. The Mobility of Labor and Capital / S. Sassen. -Cambridge: Cambridge University Press, 1988. -276р.