ҚОИДАҲОИ ТАҲИЯИ МАВОДДИ ИЛМӢ

Мақолаи илмии назариявие, ки барои нашр ба маҷаллаҳои илмии тақризшаванда пешниҳод мешаванд, бояд дорои сохтори зерин бошад:

Муқаддима. Муқаддимаи мақолаи илмии назариявӣ бояд аз унсурҳои зерин иборат бошад:

Оғоз. Дар ин қисми муқаддима муҳиммияти омӯзиши мавзуъ нишон дода мешавад. Аз рӯйи ҳаҷм 1-2 сархат ё 1-2 саҳифа. Ҳаҷми ин қисм аз мураккабии масъалаи таҳқиқшаванда вобастагӣ дорад.

Тавсифи мухтасари омӯзиши масъала дар илм ва асоснок намудани зарурати омӯзиши мавзуъ. Ишора намудан ба адабиёти илмие, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур баррасӣ шудаанд. Ин қисмро ҳатто асосҳои назариявии таҳқиқот низ номидан мумкин аст. Яъне, методология, консепсия ва назарияҳое ёдоварӣ мешаванд, ки муаллиф ба онҳо такя намудааст.

Мақсади таҳқиқот. Дар баробари мақсади таҳқиқот инчунин фарзияи таҳқиқот низ пешниҳод карда мешавад. Баъзан вақт барои мушаххастар шудани сохтори мақола саволҳои таҳқиқотӣ низ мегузоранд. Зарурати омӯзиши мавзуъ замоне асоснок мегардад, ки агар дар омӯзиши мавзуъ холигии илмӣ мавҷуд бошад.

Методҳои таҳқиқот. Дар ин қисми муқаддима методҳои умумиилмӣ ёдоварӣ намешаванд, баръакс агар муаллиф таҳқиқоти худро бо методи мушаххаси худ анҷом дода бошад, онро метавонад тасвир ва тавсиф намояд (унсури тавсиявӣ).

Қисми асосӣ (метавонад зермавзуъҳои худро дошта бошад, яъне аз масъалаҳои таркибии мавзуъ вобаста аст). Қисми асосии мақолаи илмии назариявӣ бояд аз унсурҳои зерин иборат бошад:

Таҳлил ва тавсифи адабиёти илмӣ. Тавсифи адабиёт ё ин ки тавсифи масъалаҳои ҷудогона бояд хронологияи мантиқӣ дошта, меъёрҳои интихоби адабиёт ёдовар гардад. Зимнан, нишон додани муаллифони асосӣ ё методикаи интихоби адабиёт мувофиқи мақсад аст.

Муҳокимаронӣ. Дар ин қисм натиҷаҳои таҳқиқот бояд шарҳ дода шаванд. Бояд нишон дода шавад, ки мақсади таҳқиқот амалӣ шуд ё нашуд, фарзияи таҳқиқот дуруст аст ё нодуруст.

Маҳдудиятҳои таҳқиқот. Нишон дода мешавад, ки дар раванди таҳқиқот чи мушкилиҳое мавҷуд буданд ва бо кадом сабабҳо муаллиф натавонист корҳои дигарро анҷом диҳад (унсури тавсиявӣ).

Хулоса. Хулоса аз рӯйи ҳаҷми худ аз 1 то 2 саҳифаро ташкил медиҳад. Дар хулоса натиҷаҳои таҳқиқот ба таври мухтасар баён карда мешаванд ва аҳамияти он барои рушди илм баён мегарданд. Дар хулоса муаллиф метавонад таҳқиқоти минбаъдаи масъаларо низ нишон диҳад. Яъне барои омӯзиши масъала боз кадом корҳоро анҷом додан мумкин аст. Хонанда аз хулосаи мақола бояд муайян карда тавонад, ки мақсади таҳқиқот амалӣ шудааст ё не, фарзияи таҳқиқот дуруст аст ё не (унсури ҳатмӣ).

Рӯйхати адабиёти истифодашуда.

Ба мақолаҳои илмӣ илова бар матни мақола бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) маълумотҳои зерин таҳия карда мешавад:

Номи мақола. Номи мақола бо мазмуни дохилии мақола бояд мувофиқат намояд.

Аффилятсия (маълумоти муфассал дар бораи муаллиф: насаб, ном, номи падари муаллиф, унвонҷӯйи кафедра ё шуъба (агар унвонҷӯ бошад), доктор PhD кафедра ё шуъба (агар докторанти PhD бошад), докторанти кафедра ё шуъба (агар докторанти анъанавӣ бошад), ҷойи кори асосӣ, вазифаи ишғолнамуда (барои онҳое, ки унвонҷӯ, докторанти PhD ё докторанти анъанавӣ нестанд), суроғаи ҷойи кор, телефон, почтаи электронӣ).

Аннотатсия (фишурдаи мақола). Дар охири мақола «Аннотатсия», ки барои интишор ва истифодаи иттилоот оид ба мақола пешбинӣ шудааст, ҷой дода мешавад. Ҳаҷми «Аннотатсия» набояд аз 150 калима зиёд бошад. Аннотатсия аз сарлавҳа, феҳристи калимаҳои калидӣ ва матн иборат мебошад. Дар сарлавҳаи калимаи «Аннотатсия» насаб, ном ва номи падари муаллиф ва номи мақола оварда мешавад. Калимаҳои калидӣ (то 15 калима) оварда шуда, бо ҳарфҳои хурди алифбо дар сатр баъди гузоштани вергул чоп карда мешавад. Матни «Аннотатсия» бояд мақсад, методҳои таҳқиқот ва таҷҳизоти истифодагардида, натиҷаҳои бадастомада ва навгонии онҳо, тавсияҳоро оид ба истифода ва соҳаи истифодаи онҳо инъикос намояд. Ҳангоми бозгӯ намудани маводди «Аннотатсия» бояд сохтори синтаксисии бо забони ҳуҷҷатҳои илмӣ хосбуда ва истилоҳоти меъёршуда истифода шуда, аз корбурди ибораҳои душворфаҳми грамматикӣ ва рамзҳои нодиру ғайримаълум худдорӣ гардад. «Аннотатсия» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

То 7 калимаҳои калидӣ оварда шуда, бо ҳарфҳои хурди алифбо дар сатр баъди гузоштани вергул чоп оварда мешаванд.

Мақола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ бо истифодаи барномаи MS Word (ҳуруфи Times New Roman, тоҷ, андозаи ҳуруф – 14, фосила – 1,5) ҳуруфчинӣ шуда, дар 2 нусхаи чопии як тарафи қоғази формати А4 бо нусхаи ҳатмии электронии мақола ба маҷаллаҳои илмии тақризшаванда пешниҳод карда мешавад. Ҳошияи стандартӣ, рақамгузории иқтибосҳо дар матни мақола тибқи тартиби иқтибосоварӣ, сарчашмаҳои иқтибосшаванда дар охири мақола оварда мешаванд.

 

Чакида (фишурда) ба нашрияи даврӣ манбаи иттилоот дар  бораи мўҳтавои  мақола ва натиҷаҳои таҳқиқоти дар он баёнгардида маҳсуб мешавад. Чакида вазифаҳои  зеринро иҷро мекунад:

·        имкон медиҳад, ки  мўҳтавои  асосии ҳуҷҷат  муқаррар  карда шавад, зарурати ба матни пурраи  ҳуҷҷат муроҷиат кардан ё накардан муайян карда шавад;

·        дар бораи ҳуҷҷат  иттиллоъ медиҳад ва зарурати хондани матни пурраи ҳуҷҷатро дар мавриде, ки мақола  барои хонанда аҳамияти аввалиндараҷа надорад, аз байн мебарад.

·        дар низомҳои иттилоотӣ, аз ҷумла худкор барои ҷустуҷўи ҳҷҷат ва иттилоъ истифода мешавад.

Чакидаи мақола бояд:

·        ахборӣ бошад (орӣ аз умумигўйӣ бошад);

·        аслӣ бошад;

·        мўҳтавоӣ бошад (мундариҷаи асосии мақола ва  натиҷаҳои тадқиқотро инъикос намояд);

·        мўҷаз (ҳаҷмаш аз 100 то 250 калима) бошад;

Чакида ҷанбаҳои зерини мўҳтавои  мақоларо дар бар мегирад:

·   ҳадаф ва мақсади кор

·   усул ва методологияи  тадқиқот;

·   натиҷаҳои тадқиқот;

·   соҳаи татбиқи  натиҷаҳо;

·   хулосаҳо.

Пайдарпайии баёни мўҳтавои мақоларо тағйир додан мумкин аст.

Муаллиф метавонад баёни матлабро аз натиҷаю хулосаҳои кор оғоз намояд.

Ҳадаф, мавзўъ ва мақсади кор  танҳо дар мавриде зикр карда мешаванд, ки агар ин матлабҳо дар  сарлавҳаи мақола инъикос наёфта бошанд

Натиҷаҳои кор ҳатталимкон дақиқу пурмўҳтаво тавсиф мегарданд. Зимнан ба натиҷаҳои нав ва додаҳои аҳамияташон дарозмуддат, кашфиёти муҳим, хулосаҳое, ки назарияҳои мавҷударо радд мена­моянд, ҳамчунин додаҳое, ки ба фикри муаллиф дорои  аҳамияти  амалианд, афзалият дода мешавад.

Ба хулосаҳо тавсияҳо, арзёбиҳо, пешниҳодҳо, фарзияҳоеро, ки  дар мақола тавсиф шудаанд, замима кардан мумкин аст.

Дар чакида  маълумоти таърихӣ, агар  он мўҳтавои  асосии ҳуҷҷатро ташкил накунад, тавсифи тадқиқоти қаблан чопшуда ва мукаррароти  ба ҳамагон маълум набошад, оварда намешавад.

Дар матни чакида конструксияҳои синтаксисиеро, ки  ба забони  асарҳои илмӣ хос аст, истифода бурда,  аз корбасти конструксияҳои мураккаби грамматикӣ канораҷўйӣ намудан, лозим аст.

 

Дар матни  чакида  вожаҳои калидии мақоларо  истифода бурдан ба манфиати кор  аст.

Талабот ба таҳияи мақолаҳо (обзорҳо, тақризҳо), ки ба маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» барои чоп ирсол мегарданд

 

  1.     Шартҳои нашри мақола:

·        Мақолаи ба нашр пешниҳодшаванда бояд тадқиқоти  мустақил ва ба охиррасидае бошад, ки  таҳқиқи аз томияти дохилӣ бархурдори  масъалаи  муҳимбуда бо инъикоси  бо масъалаҳои муҳим ва ояндадори самтҳои улуми ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт ва сиёсатшиносӣ дар сатҳҳои байналхалқию миллӣ марбут аст; мақола бояд навовариҳо, гузоришу ҳалли  масъалаҳо (проблемаҳо)-ро доро бошад; натиҷаҳои асосии таҳқиқотро инъикос кунад.

·         Ба қоидаҳои ба расмиятдарории мақолаҳо мувофиқат кунад.

2. Қоидаҳои ба расмиятдарории мақола:

·        мақола дар шакли чопӣ ва дар ҳомили электронӣ (тавассути  e-mail ё дар диск) дар формати  А4, бо шрифти MicrosoftWord, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5, қолаббандӣ  тибқи паҳно; ҳошия 20 мм пешниҳод карда мешавад. Ҳаҷми мақола: то 20 саҳифа барои  аспирантону унвонҷўён,  ҳамчунин  барои муаллифоне, ки дорои унвони номзад ё  доктори илмҳо мебошанд;

·        ба мақола  чакида дар ҳаҷми аз 100 то 150 калима, ки  муҳтавои асосии мақола  ва натиҷаҳои тадқиқотро инъикос мекунанд, ҳамчунин 7-8 вожаҳо ва ибораҳои калидӣ замима мегардад;

·        дар мақола бояд ҳаволаҳо ба сарчашмаҳои мавриди истифода мавҷуд бошанд, ки тибқи феҳристи сарчашмаҳои дар охири он оварда дар қавсайн сабт мешаванд.

·     пайнавишт бояд тибқи тартиби иқтибосоварӣ аз сарчашмаҳо ба расмият дароварда шавад; зикр намудани маълумоти китобшиносӣ ҳатмӣ аст.

·        ба мақола  маълумот дар бораи муаллиф (он): ному насаб (пурра), дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, мансаб, ҷойи кор (ҷойи таҳсил ё унвонҷўйӣ), телефонҳо барои тамос, e-mail, индекси почта  ва суроға бо забонҳои русиву англисӣ замима мегардад.

·        муаллиф бояд матни  мақоларо бо диққат мутолиа намуда, имзо намояд; масъулияти сатҳи илмиву назарии маводди мавриди нашр  ба дӯши муаллиф аст.

· Агар мақола ба қалами якчанд муаллиф, вале на бештар аз се муаллиф мансуб бошад, баъди аннотатсия ва калидвожаҳои охирин зикри саҳми мушаххаси ҳамаи муаллифон ҳатмист.

3. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ба мақола:

·        матни мақола дар коғаз  ё ҳомили электронӣ ба идораи маҷалла  ба суроғаи зерин ирсол мегардад: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, хонаи №1, ДДҲБСТ -котиби масъули маҷалла Абдумавлон Самеев, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

·        муаллифон ҳамчунин тақризи  имзокардаи муқарриз ва  бо муҳри муассиса тасдиқкардаро, ки муҳиммияти  масъала ва саҳми муаллифро  дар ҳалли  проблемаи мавриди таҳқиқ инъикос мекунад, ирсол менамояд; дар тақриз ҳамчунин  бояд тавсия дар бораи чопи мақола дар маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» мавҷуд бошад.

 

1. Ҳайъати таҳрири маљаллаи «Ахбори ДДЊБСТ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» мақолаҳои  ба маҷалла омадаро дар давоми 1 моҳ баррасӣ мекунад.  

2. Мақолаҳои илмии  ба идораи  маљалла омада, аз тақризнависии  ҳатмӣ мегузаранд. Тақризнависӣ бидуни ифшо кардани ному насаби муаллифи маола ва муаллифи тацриз сурат мегирад.

3. Марҳилаҳои тақризнависӣ:

а) дар марҳилаи аввали тақризнависӣ пешбинӣ мешавад:

·        муқаррар намудани мутобиқати  мақола ба  соҳаи маҷалла ва рубрикаҳои мавзўӣ

·        риоя шудани талаботи маҷалла  дар бобати ба расмиятдарории мақола

·        муайян намудани сатҳи  илмии баёни мавод

· мавҷудияти додаҳои оморӣ, ҷадвалҳо, диаграммаҳо, расмҳо, ки  натиҷаҳои  тадқиқотро тасдиқ мекунанд.

б) дар мавриди риояи талаботи банди 3.а тақризнависӣ ба  мўҳтавои мақола сурат мегирад. Маќола бидуни зикри ному насаби муаллиф бо назардошти мавзуъ ба мутахассиси соҳа супурда мешавад, ки ў нуктаҳои зеринро муайян мекунад:

·        мутобиқати муҳтавои мақола ба мавзўи он;

·        муҳиммияти  мавзуи мавриди  тадқиқ;

·   навигарии илмии мулоҳизаҳое, ки дар мақола омадааст;

·    аҳаммияти назарӣ ва  амалии натиҷаҳои тадқиқот;

4. Муқарриз дар давоми 15 рўзи корӣ ба ҳайъати таҳрир тақризеро ирсол мекунад, ки  дар бобати  нашри мақола пешниҳодҳо дорад.

5. Агар  ба мақола тағйирот даровардан лозим бошад,  муқарриз зикр менамояд, ки  кадом тасҳеҳу иловаҳоро бояд муаллифи мақола ворид созад.

6. Дар мавриди тақризи манфӣ муқарриз вазифадор аст раддияи мудаллал  пешниход кунад.

7.Ҳайъати таҳрир тақризро бидуни зикри номи муқарриз барои ислоҳи эродҳои муқарриз ба муаллифи мақола мефиристад. Муҳлати миёнаи ислоҳи мақола ду ҳафта аст. Дар мавриди норозӣ будан бо эродҳои муқарриз муаллиф бояд ба идораи маҷалла раддияи хаттиии мудаллал пешниҳод кунад.

8. Тақриз  дар намуди чопӣ  ва дар ҳомили электронӣ  ба расмият дароварда, ба он муқарриз имзо мегузорад ва муҳри  муассисаи ҷои кори муассис гузошта  мешавад.

9. Нусхаҳои  аслии тақризҳо  дар Идораи  маҷаллаи «Ахбори ДДЊБСТ» нигоҳ дошта мешаванд.

10. Ҳайъати таҳрир  ҳақ дорад маводи ба идора омадаро бидуни тағйир додани муҳтаво таҳрири илмӣ ва адабӣ кунад.

11. Баъди як моҳ ҳайъати таҳрир муаллифро дар бораи натиҷаи тақриз ва мўҳлати  нашри мақола огоҳ менамояд.

12. Ҳайъати таҳрир ба  муаллиф як нусхаи электронии маҷалларо, ки дар он  мақолаи ў нашр  шудааст, пешниҳод менамояд.