Захираҳои маҳаллии ташкилаҳои ҳудудӣ ҳамчун омили муҳимми ҷалби сармоягузорӣ баррасӣ шудаанд. Захираҳои табиӣ, меҳнатӣ ва иқтисодӣ, ки ба рушди фазои мусоиди сармоягузорӣ дар сатҳи маҳаллӣ мусоидат мекунанд, ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Таъкид гардидааст, ки истифодаи босамари иқтидори дохилии минтақа боиси ба вуҷуд омадани бартариҳои рақобатӣ ва баланд бардоштани ҷаззобияти инвеститсионии он мегардад. Зикр шудааст, ки идоракунии салоҳиятноки иқтидори захиравӣ ба фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Ҳамчунин нақши мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шаклҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва таъсири пойгоҳи ҳуқуқӣ ба фаъолнокии сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Хулоса карда мешавад, ки давлат тавассути ҳамзамон ҳам ба ҳайси сармоягузор ва ҳам танзимгар баромад намудан ва ошкор сохтани нуқтаҳои иқтидори сармоягузорӣ аз ҳисоби захираҳои маҳаллии ташкилаҳои ҳудудӣ ба фаъолнокии инвеститсионӣ ангезиш мебахшад. Намунаҳои ҷалби бомуваффақияти сармоягузорӣ тавассути арзёбии салоҳиятнок ва пешбурди захираҳои маҳаллӣ оварда шудаанд. Хулоса шудааст, ки муносибати маҷмуӣ ба идоракунии захираҳои ташкилаҳои ҳудудӣ асоси рушди устувори иқтисодӣ ва тараққии соҳибкорӣ дар ҳамин ҳудуд ба шумор меравад.
захираҳои маҳаллӣ, захираҳои ашёи хоми табиӣ, қарорҳои сармоягузорӣ, сиёсати сармоягузорӣ, вазъи инфрасохтор, муҳити сармоягузорӣ, сармоягузории хориҷӣ
1. Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года /Утверждена постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 1 декабря 2016 года, № 636. – Душанбе, 2016. – С. 20.
2. Отчет председателя Согдийской области о результатах социально-экономического развития области за одиннадцать месяцев 2021 года / https://www.sugd.tj/ru/predsedatel-oblasti/razdel-po/otcheti/525-otchet-2021
3. Статистический сборник Согдийской области/ Статический сборник. – Худжанд: АСПРТ, 2024. – 325 с.
4. Комилов С. Дж., Гафаров Ф.М. Инвестиционный потенциал региона: теория формирования и пути развития. Монография / С.Дж. Комилов, Ф.М. Гафаров. – Душанбе: Ирфон, 2017. – 215 с.
5. Пулатова И.Р. К вопросу о повышении инвестиционной привлекательности региона [Текст] / И.Р. Пулатова // Материалы научно–практической конференции «Государственные инвестиции, налогообложение и их влияние на экономический рост». – Душанбе, ФЭИТ, 2014. – С. 155-165.
6. Пулодова Х. Ш. К вопросу изучение ресурсного потенциала устойчивого развития регионов Республики Таджикистан / Пулодова Х. Ш. // Ученые записки ХГУ им. академика Б. Гафурова. Серия естественно-экономических наук. – Худжанд: Нури маърифат, 2018. - № 1 (44). - С.190-200.
7. Ризокулов Т.Р., Каюмов А.А. Бизнес–климат и внутренний потенциал в системе факторов устойчивого развития регионов [Текст] / Т.Р. Ризокулов, А.А. Каюмов // Таджикистан и современный мир. – 2016. – № 5(55). – С. 103.
8. Тагоев Дж.Х. Тенденции использования инвестиций в основной капитал: региональные и отраслевые аспекты [Текст] / Дж.Х. Тагоев // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально– экономических и общественных наук. – Душанбе, 2014. – № 2/2 (131). – С. 45-49.