0.0/5 оценка (0 голосов)

РАВИШҲОИ КОНСЕПТУАЛИИ ТАШАККУЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ БОЗОРИ АСЪОР ВА ҚУРБИ АСЪОР

Муаллиф (он)

Махмудзода М.К.

Чакидаи мақола

Таҳаввули назарияҳое, ки механизмҳои ташаккули қурби асъор ва танзими бозорҳои асъорро шарҳ медиҳанд, баррасӣ карда шудааст. Муаллиф аз мафҳумҳои классикии стандарти тиллоӣ (асрҳои 19 – ибтидои асри 20) оғоз намуда, гузаришро аз низомҳои худтанзимкунӣ ва дар онҳо қурби асъор аз рӯи тиллои таркиб ва таносуби (паритети) пулӣ то ба моделҳои мураккабтаре, ки мақоми давлат ва омилҳои бозорро ба назар мегиранд, таҳлил мекунад. Ба ғояҳои неоклассикии паритети қобилияти харидорӣ, назарияи номиналистии Г.Ф. Кнапп (қурби асъор ҳамчун маҳсули сиёсати ҳукумат), инчунин равишҳои кейнсгароён, ки зарурати танзими қурби асъорро барои ноил шудан ба суботи макроиқтисодӣ таъкид мекунанд, диққати махсус дода шудааст Назарияҳои калидии асри ХХ: консепсияи асъорҳои асосӣ (доллар ва фунт), назарияи қурби шинокунанда (М. Фридман), шартҳои Маршалл-Лернер барои мувозинаи савдо, модели даромаду абсорбатсионии С.Герберт ва назарияи минтақаҳои оптималӣ (Р. Манделл, П. Кенен) мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Таъкид гардидааст, ки таҳаввулоти назарияҳо ҷустуҷӯи мувозинаро байни худтанзимкунии бозорӣ ва дахолати давлат инъикос мекунад. Хулосаҳои кор диққатро ба зарурати синтези таҷрибаи таърихӣ ва моделҳои муосир барои идоракунии самарабахши бозорҳои асъорӣ дар шароити ноустувории иқтисодии глобалӣ мутаваҷҷеҳ месозад.

 

Калидвожаҳо

бозори асъор, суботи макроиқтисодӣ, худтанзимкунии бозор, ноустувории иқтисодии глобалӣ, танзими давлатӣ, қурби асъор

Пайнавишт

1.    Алиджанов Д.А. Механизмы внешнеторговой политики в стимулировании импортозамещающего роста / Алиджанов Д.А. // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук. 2015. - № 3 (64). – С. 17–26.

2.    Дубянский А.Н. Государственная теория денег Г. Кнаппа: история и современные перспективы / Дубянский А.Н. // Вопросы экономики. – 2015. - № 3. – С. 109 – 125.

3.    Кейнс Дж.М. Избранные произведения / Пер. с англ. / Кейнс Дж. М.  – Москва: Экономика, 1993. – 543 с.

4.    Киреев А.П.  Международная экономика. Ч. 2 / Киреев А.П.  – Москва: Юрайт-Издат, 2006. – 488 с.

5.    Красавина Л.Н. Международные валютно-кредитные и финансовые отношения - Москва: Финансы и статистика, 2000. – 343 с.

6.    Павлов В.В. Регулирование валютных отношений современного капитализма / В.В. Павлов. - Москва, 1977. – 456 с.

7.    Саймон Г. А. О применении теории следящих систем для изучения процессов регулирования производства / Саймон Г. А. // Процессы регулирования в моделях экономических систем. — Москва: Издательство иностранной литературы, 1961. – С. 201.

8.    Сакс Дж.Д., Ларрен Ф.Б. Макроэкономика. Глобальный подход / Дж. Д. Сакс, Ф.Б. Ларрен / Пер. с англ. – Москва: Дело, 1996. – 848 с.  – С. 112-146.

9.    Die Bauernbefreiung und der Ursprung der Landarbeiter in den ältern Teilen Preussens. – Leipzig, 1887.

Таърихи нашр

Вторник, 14 Октябрь 2025