Ҷиноятҳои киберӣ ҳамчун шакли нави амалҳои террористӣ дар шароити рақамикунонии ҷомеа баррасӣ шудааст. Қайд мегардад, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар радифи имкониятҳои мусбат, хавфҳои дигарро ба бехатарӣ ба миёнмеорад, ки кибертерроризм хавфи аз ҳама хатарнок ба ҳисоб меравад. Он дар ҳамлаҳо ба инфрасохтори муҳим, маҳдуд сохтани фаъолияти низоми давлатӣ ва молиявӣ, паҳн кардани барномаҳои зараровар ва маълумоти бардурӯғ зоҳир мегардад, ки аз шаклҳои анъанавии терроризм бо маҷҳулият, фаромарзӣ ва сахт ниҳонӣ будан фарқ мекунад. Дар натиҷаи таҳлили ҷиноятӣ-ҳуқуқии меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани моддаи алоҳида, ки ҷавобгариро барои кибертерроризм танзим мекунад, ошкор карда шудааст. Муқаррароти амалкунанда оид ба кибертерроризм ва ҷиноятҳои соҳаи иттилооти компютерӣ ин категорияи кирдорҳоро қисман дарбар мегирад, ки дар натиҷа норасоиҳои ҳуқуқиро ба миён оварда, самарабахшии муқобилатро паст мекунад. Тавсия шудааст, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи мустақил оид ба танзими ҷавобгарӣ барои кибертерроризм бо назардошти аломатҳои объективӣ ва субъективии он ворид карда шавад. Ҳамзамон зарурати ҳамоҳанг сохтани ҳуқуқи миллӣ бо стандартҳои байналхалқӣ ва инкишофи ҳамкории байналмилалӣ байни давлатҳо баҳри эҷоди механизмҳои муассири пешгирӣ ва рафъи таҳдидҳои кибертеррористӣ таъкид шудааст.
кибертерроризм, киберҷиноят, терроризм, қонуни ҷиноятӣ, амнияти иттилоотӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳдиди рақамӣ
1. Абдуназаров Ю. А. Кибертерроризм ва ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ниёз ба ислоҳот / Абдуназаров Ю. А. // Маҷаллаи ҳуқуқшиносӣ. – 2023. – № 2(18).
2. Давлатзода К.Д. Масъалањои њуқуқї-љиноятї ва криминологии муқовимат бо киберљиноятњо: проблемањои назариявї ва амалї: дисс… д-ра юрид.наук / К.Д. Давлатзода. – Душанбе, 2024. -
3. Ниёзов Х. Р. Масъалаҳои мураккаби тахсиси ҷиноятҳои киберӣ дар Тоҷикистон / Х. Р. Ниёзов // Паёми ДМТ. Силсилаи ҳуқуқ. – 2021. – № 1(99).
4. Конвенция Совета Европы о киберпреступности (Будапешт, 2001). Статья 12. https://www.wipo.int/wipolex/ru/text/502391.(Дата обращения: 10.05.2025)
5. Речь Президента Республики Таджикистан на торжественном собрании, посвященном профессиональному празднику работников органов национальной безопасности Республики Таджикистан. https://president.tj/event/domestic_trips/27266 (Дата обращения: 10.05.2025).
6. Саидзода М. М. Таҳдидҳои амниятӣ дар фазои иттилоотӣ ва чолишҳои замони муосир / Саидзода М. М. // Ҳуқуқ ва ҷомеа. – 2022. – № 4.
7. Уголовный кодекс Республики Таджикистан. Глава 28. base.mmk.tj/view_sanadhoview.php?showdetail=&sanadID=23&language=ru. (Дата обращения: 10.05.2025).