Дар марҳилаи муосир таҷдиди назар намудани муносибатҳои байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон яке аз тамоюлҳои асосии низомҳои андоз дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароит мақомоти андоз барпо намудани муносибатҳои шариконаро бо андозсупорандагон аз афзалиятҳои фаъолияти худ дониста, ташаккули амсилаи мизоҷмеҳвари маъмурикунонии андозро пайгирӣ менамоянд. Дар доираи чунин муносибат таъмин намудани риояи ихтиёрии қонунгузории андоз омили асосӣ маҳсуб меёбад, на ошкор намудани вайронкунии қонунгузории андоз ва рӯёнидани ҷаримаҳои андозӣ. Имрӯзҳо таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон самарабахшии низоми муносибатҳои шариконаро дар соҳаи андоз собит менамояд, зеро маҳз низоми мазкур ба ҳамаи иштирокдорони муносибатҳои андозӣ имкон фароҳам месозад, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ амал намоянд. Низоми самарабахши андоз дар ин маврид ба ташаккули фарҳанги андоз такя менамояд, ки дар ташаккули даромади буҷети давлат муҳим мебошад. Дигаргунии амсилаи муносибатҳо ба арзёбии дубораи маъмурикунонии андоз оварда мерасонад, ки меҳвари онро тадбирҳои ҳавасмандгардонии андозсупорандагон ташкил мекунад.
мақомоти андоз, фарҳанги андоз, маъмурикунонии андоз, қонунгузории андоз, муносибатҳои андозӣ, амсилаи шарикона, назорати андоз
1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025”. – Душанбе, 2020. - № 636.
2. Демин A.В. Coвершенcтвoвaние нaлoгoвoй культуры кaк вaжнейшaя предпocылкa перехoдa к “пaртнерcкoй” мoдели нaлoгoвoгo aдминиcтрирoвaния / A.В. Демин // Веcтник Кaзaнcкoгo юридичеcкoгo инcтитутa МВД Рoccии. Гумaнитaрные нaуки. – 2016. – №4 (26). – C. 81–85.
3. Маълумоти ҳисоботии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2025.
4. Рoшупкинa В.В., Клушинa Н.П. Мoдель пaртнерcкoгo взaимoдейcтвия предпринимaтеля и нaлoгoвoгo oргaнa c пoзиции клиентoцентричнocти / В.В. Рoшупкинa, Н.П. Клушинa // Веcтник Aлтaйcкoй aкaдемии экoнoмики и прaвa. – 2021. - №8. - C.181-185.
5. Салимова М.М. Фарҳанги андоз ҳамчун усули такмили муносибатҳои андозӣ / Салимова М.М. // Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ. – Хуҷанд, 2025. – №2(103). – С. 75-84.
6. Тотикова Т.Е. Модернизация систем налогового администрирования в зарубежных странах: анализ основных тенденций / Т.Е. Тотикова // Изв. Сарат. ун-та. Серия: Экономика. Управление. Право. – 2016. – Вып.4. – С.445 – 448.
7. Цветков И.В. Партнерство в налоговой сфере: миф или реальность / И.В. Цветков // Налоговед. 2008. https://nalogoved.ru/ (Санаи муроҷиат: 10.04.2025).
8. www.andoz.tj.