Забони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун унсури муҳимми соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ ва яке аз асосҳои раванди қонунгузории Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Такмили забони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи забони қонунгузории кишвар дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ таҳлил гардида, муҳиммияти татбиқи хулосаҳои бадастомада асоснок карда шудаанд. Муқаррар карда шудааст, ки яке аз талаботи муҳимми таҳияи конститутсия ин риояи техникаи забонӣ ва дуруст истифода намудани истилоҳоти ҳуқуқӣ дар он ба ҳисоб меравад. Дар сурати ба миён омадани фаҳмиши духӯраи онҳо моҳият ва тайиноти конститутсия метавонад тағйир ёбад.
конститутсия, муқарратроти конститутсия, забони конститутсия, забони расмӣ, техникаи забонӣ, расмиёти қонунгузорӣ, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ
1. Мухторов К.Т. Муқаддимаи конститутсияшиносӣ. Монографияи илмӣ.- Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. -128 с.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, №553 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10, мод. 546
3. https://www.stat.tj/
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, № 1414 “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017,№5, қ.1, мод. 271
5. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Бо тағйиру иловаҳои соли 2016). Душанбе, 2016
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 май соли 1998, №612 «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли1998, №10, мод.109.
7. Тафсири илмӣ-оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон / Зери таҳрири Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор М. А. Маҳмудов. Душанбе, 2008. - 520с.
8. Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри X то ибтидои асри XX). Иборат аз ду ҷилд. Дар зери таҳрири М.Ш. Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. М.: Нашриёти «Советская энциклопедия». 1969. [Варианти электронӣ]