0.0/5 оценка (0 голосов)

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ БОНКӢ: ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВӢ, ДУРНАМОИ РУШД ВА БАЛАНДБАРДОРИИ СИФАТИ ОНҲО

Муаллиф (он)

Ғаюров Ғ.Ҳ.

Чакидаи мақола

Паҳлуҳои мубрами хизматрасониҳои бонкӣ ва роҳҳои баландбардории сифати онҳо дар шароити муосири иқтисодӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шудааст. Масоили назариявӣ ва амалии баландбардории сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва такмили механизмҳои он таҳқиқ шуда, роҳҳои дурусти пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд. Муаллиф ба ҷанбаҳои бисёрсамтаи хизмарасониҳои бонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мушкилиҳои ҷойдошта ҳангоми пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкиро мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Асоснок гардидааст, ки дар шароити муосири иқтисодӣ сифати пешниҳоди хизматрасониҳо яке аз нишондиҳандаҳои калидӣ дар фаъолияти бонкҳо буда, дараҷаи самаранокии фаъолияти онҳо аз ин сахт вобаста мебошад. Ҳамчунин, ба омилҳои таъсиррасон ва боздорандаи рушду такмили хизматрасониҳои бонкӣ диққати махсус дода, ин омилҳо гурӯҳбандӣ ва таҳлил шудаанд. Қайд гардидааст, ки дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба суръати хизматрасониҳои бонкӣ ва сифати онҳо таъсири амиқ дошта бошанд. Омилҳо ба таври дақиқ таҳқиқ шуда, роҳҳои рафъи онҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст. Гузашта аз ин, фаъолияти самараноки бонкҳо дар бозори бонкӣ ва тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар асоси омӯзиши дақиқ ва таҳлили ҳамаҷониба, ҷиҳати баландбардории сифати хизматрасониҳои бонкӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди онҳо, як қатор тавсияҳо пешниҳод гардидааст, ки метавонанд дар он муҳити мусоид фароҳам оранд.

 

Калидвожаҳо

бонкҳо, низоми бонкӣ, хазматрасониҳои бонкӣ, маҳсулоти бонкӣ, ташкилотҳои қарзӣ, менеҷменти бонкӣ, сифати хизматрасониҳо, сармояи бонкӣ, амалиёти бонкӣ, хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ

Пайнавишт

1.       Бердиев Р.Б. Институциональные факторы инвестиционного развития в постсоветских странах (На материалах Республики Таджикистан): автореф… дис. д-ра экон. наук. - Бишкек: КРСУ, 2012. - 42 с.

2.        Вострухина Т.Ю. Факторы и условия, влияющие на развитие банковских услуг в регионах // Российское предпринимательство. – 2011. – Том 12. – № 9. – С. 130-135.

3.   Гаюров Г.Х. Развитие инвестиционно-кредитной деятельности банков в условиях высокого риска //Вестник ТНУ. – 2015. № 2/4 (169).- С.223-226.

4.        Костерина, Т. М. Банковское дело / Т. М. Костерина. — 2-е изд., перераб. и доп. — М.:Юрайт, 2014.-332 с.

5.        Лаврушин О.И. Банковское дело: учебное пособие / О.И. Лаврушин. – 2-е изд., перераб. и доп. – М.: Финансы и статистика, 2010. – 672 с.

6.        www.economy-ru.com/obraschenie-kredit-denejnoe/iii-politikagosudarstva-otnoshenii - 14422.html. (дата обращения – декабрь 2020)

7.        www.cyberleninka.ru/article/n/faktory-i-usloviya-vliyayuschie-na-razvitie-bankovskih-uslug-v-regionah.

Таърихи нашр

Суббота, 24 Апрель 2021