0.0/5 оценка (0 голосов)

Идоракунии захираҳои заминҳои кишоварзӣ дар минтақаҳо: таҷрибаи хориҷа

Муаллиф (он)

Ризоқулов Т. Р., Акбарзода А.

Чакидаи мақола

Зарурати таҳқиқи таҷрибаи хориҷии идора намудани захираҳои заминҳои кишоварзӣ дар шароити муосир асоснок карда шудааст. Таҳлили масоҳати заминҳои кишоварзӣ ва заминҳои кишти мамлакатҳои алоҳида мутаносибан ба ҳудуди умумии онҳо сурат гирифтааст. Таҷрибаи  ҷаҳонии идоракунии захираҳои замин тавсиф гарди¬да¬аст, ки онро дар ташаккули механизмҳои иқтисодии танзими захираҳои замин дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифтан мумкин аст. Таҳлили амсилаи англосаксонии (амрикоии) идоракунии  заминҳои кишоварзӣ пешниҳод гардида¬аст, ки ба он вижагиҳои зерин хос аст: сатҳи баланди  мухторияти  мақомоти худи¬до¬рии маҳал¬лӣ, назорати  шаҳрвандон ба он. Ҳамчунин амсилаи контененталӣ (авру¬поӣ) таҳ¬лил шудааст, ки ба он мухторияти маҳдуди худидораи маҳаллӣ хос аст. Муқаррароти асо¬сии идоракунии захираҳои  замини таъиноти кишоварзӣ дар ИМА, Олмон, Дания, Бразилия ва Чин ошкор карда шудааст. Ҷанбаҳои асосии фарқкунандаи  идоракунии  захираҳои замин дар ин кишварҳо таҳлил намуда, хулосаҳои зарурӣ бароварда шудаанд.

Калидвожаҳо

заминҳои кишоварзӣ, идоракунии захираҳои замин, амсилаи англосаксонӣ, амсилаи контененталии аврупоии идоракунии замин, истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ,  заминҳои кишт, минтақаҳои Тоҷикистон

Пайнавишт

1.    Статистический ежегодник Республики Таджикистан. – Душанбе: Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан, 2019. – 286 с.

2.    Таджикистан – 20 лет государственной независимости. – Душанбе: Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан, 2011. –483 с.

3.    Комов, Н. В. Комплексный подход к планированию и рациональному использованию земельных ресурсов / Н. В. Комов, А. С. Чешев // Экономика и экология территориальных образований. - 2018. - Т. 2, № 1. - С. 6–21.

4.    Ламерт Д.А. Системы управления и оценки земельных ресурсов в развитых странах. – 2014. – С. 2.

5.    http://selcoop.ru/cooperation /international/ zarubezhnyy-opyt-upravleniya-zemelnymi

6.    Комов, Н. В. Земельные ресурсы в стратегии устойчивого развития России / Н. В. Комов, С. А. Шарипов. — Казань: Бриг, 2017. – С. 97.

7.    Земельные ресурсы и продовольственная безопасность Центральной Азии и Закавказья. – Рим: Продовольственная и сельскохозяйственная Комиссии Организации Объединенных Наций, 2016. –С.35-38.

8.    Жайнаков М.А. Аграрные социально-экономические преобразования и эффективность землепользования в переходный период: автореферат дисс… к.э.н. - Бишкек, 2005. - 24 с. (http://economy-lib.com/agrarnye-sotsialno-ekonomicheskiepreobrazovaniya-i-efektivnost-zemlepolzovaniya-v-perehodnyy-period)

Таърихи нашр

Четверг, 10 Сентябрь 2020