0.0/5 оценка (0 голосов)

СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Муаллиф (он)

Рустамзода З.Р.

Чакидаи мақола

Нақши созмонҳои байналхалқӣ дар муносибатҳои байналхалқии муосир ва таъсиргузории онҳо ба истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шудаанд. Зикр карда шудааст, ки масъалаи фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ барои давлатҳои дорои сатҳи мухталифи рушд хосияти якранг надорад. Хусусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи истиқлолият дар шароити рушди созмонҳои байналхалқӣ ва раванди бебозгашти ҷаҳонишавӣ муҳим талаққӣ шудааст. Дар мақола дидгоҳҳои мухталиф перомуни таъсиррасонии фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ба истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Ошкор карда шудааст, ки дар мавриди фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ва таъсиргузории онҳо ба истиқлолияти давлатӣ ҳам ақидаҳои мусбат ва ҳам манфӣ ҷой доранд. Муаллиф зикр намудааст, ки дар аксари мавридҳо фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ истиқлолияти кишварҳои аъзоро маҳдуд намесозад, зеро давлатҳо бо хости худ ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои миллии хеш ба созмонҳои байналхалқӣ ворид мешаванд. Ба андешаи муаллиф зарур аст, ки ҳангоми баррасии масъалаи таъсиррасонии созмонҳои байналхалқӣ ба истиқлолияти давлатҳо ба шароитҳои амали давлатҳо дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳ карда шавад.

Калидвожаҳо

созмонҳои байналхалқӣ, давлат, истиқлолияти давлатӣ, ҷаҳонишавӣ, сиёсати хориҷӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳамкориҳои байналхалқӣ, сиёсати ҷаҳонӣ

Пайнавишт

1.             Джураев А.Х. Национальная культура и суверенное государство в условиях глобализации // Паёми ДМТ. - Душанбе, 2020.  – С.18-22.

2.             Пастухова H.Б. Государственный суверенитет: история и современность / Н.Б. Пастухова. -М.: Аспект Пресс, 2013. – 366 с.

3.             Федоров В. Н. Организация Объединенных Наций, другие международные организации и их роль в XXI веке / В.Н. Федоров. -М.: 2005. – 944 с.

4.             Чуньмин Цзу. Навстречу 13-й пятилетке: совершенствование системы госужарственного управления культурой: “Культура в условиях глобализации. Взгляд из России”. –М.: КНОРУС, 2017. – С. 8-32.

5.             Ernest Arinze Udalla. International organizations and statesovereignty: implifications for public policy making and implementation in Nigeria. 2015. – Р.6-15.

6.        Keohane, Robert O., Lisa L. Martin, “The Promise of Institutional Theory” // International Security Vol. 20, No.1, 1995.  - Р. 39-51.

7.             Harold Jacobson and Jeffrey Kaplan. Inertia and Change in the Constellation of International Governmental Organizations, 1981–1992 // International Organization (1996) 50. -Р. 593–628.

8.             Samuel Barkin. The Evolution of the Constitution of Sovereignty and the Emergence of Human Rights Norms // Millennium. 1998. 27. – Р.229–252.

Таърихи нашр

Четверг, 25 Февраль 2021