0.0/5 оценка (0 голосов)

Низоми андоз ва андозбандии иқтисоди миллӣ дар қаринаи назарияи интихоби ҷамъиятӣ

Муаллиф (он)

Ахмедова Д.А., Абдугафаров А., Ахмеджанова Р.С.

Чакидаи мақола

Масъалаҳои такмили низоми андозбандӣ дар иқтисодиёти миллии Тоҷикистон бо назардошти истифодаи муқаррароти усулии назарияи интихоби ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Нуқтаи назарҳои мухталифи олимони  иқтисоддон оид ба низоми андозбандӣ таҳлил шудааст. Самтияти фискалии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандагонро дар бобати пур кардани буҷети давлатӣ танзим мекунад, ба риштаи  таҳлил кашида шудааст.

Норасоиҳои низоми андози Тоҷикистон роҷеъ ба набудани ҳавасмандгардонии руш¬ди инноватсионии кишвар мудаллал карда шудаанд. Зикр гардидааст, ки низоми мавҷу¬даи андозбандӣ ба соҳибкорон бори зиёди андозро таҳмил мекунад. Раванди ихти¬сори шумораи корхонаҳо дар хоҷагии миллӣ бо далелҳо исбот карда шудааст. Вижагии Осиё ё “тарзи истеҳсоли осиёӣ”, ки дар ғайрифаъол будани шаҳрвандон ҳангоми таҳияи низо¬ми андозбандӣ  дар кишвар таҷассум меёбад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Исбот шудааст, ки низоми оптималии андозбандӣ бояд аз омезиши ҷанбаҳои мусбати бисёр консепсияҳои иқтисодӣ, дар навбати аввал назарияи интихоби ҷамъиятӣ иборат бошад.

Калидвожаҳо

низоми андозбандӣ, назарияи интихоби ҷамъиятӣ, бахши расмии иқтисод, Қонуни андоз, иқтисоди инноватсионӣ, хусусияти фискалии андоз, тарзи истеҳсолоти осиёӣ

Пайнавишт

1.                  Бьюкенен Дж. Конституция экономической политики [Нобелевская лекция 1986 г.] // Вопросы экономики. - 1994. - N 6. - С.104 - 113.

2.                  Бьюкенен Дж. Сочинения / Пер. с англ. Серия: "Нобелевские лауреаты по  экономике". Т.1./ Фонд экономической инициативы. Гл. ред. кол.: Нуреев Р.М. и др./ - М.: Таурус Альфа, 1997. - 419 с.  

3.                  Фридмен Милтон. Капитализм и свобода. - М.: Новое издательство, 2006. – 240 с.

4.                  Макконнелл К.Р., Брю С.Л. Экономикс: принципы, проблемы и политика/ Пер. с 13 – го англ. изд. – М.:  ИНФРА – М, 1999. – 974 с.  

5.                  Молотков  Е.О. Налоговое стимулирование инновационной модернизации экономики Российской Федерации:  автореф дисс. канд. экон. наук. - М., 2012. – 23 с.

Таърихи нашр

Вторник, 21 Апрель 2020