0.0/5 оценка (0 голосов)

Фаъолнокии инсонӣ ҳамчун омили рушди устувори иқтисодиёти минтақавӣ

Муаллиф (он)

Назаров Абдушукур Абдурахимович

Чакидаи мақола

Баъзе масъалаҳои назарии ташаккули фаъолнокии инсон мавриди баррасӣ қарор гирифта, зуҳуроти фаъолнокии инсон ҳамчун омили таъмини рушди устувори иқтисо¬диёти минтақа ошкор карда шудааст. Обзори мухтасари мафҳуми «фаъолнокии инсон» дар сарчашмаҳо ба субут расонида, фарқи байни фаъолияти инсон ва ғайратмандии инсон, инчунин дастгоҳи консептуалии фаъолнокии инсон муайян карда шудааст. Фаъолнокии инсонӣ тавассути иштиғоли ғайратмандонаи он дар бахшҳои иқтисодии минтақа ошкор мешавад. Фаъолнокии инсон дар ташкили бизнеси хурд нишон дода шудааст. Исбот шудааст, ки фаъолнокии инсон иқдомҳои далеронаро дар ташкили бизнеси хурд, ки локомотиви рушди иқтисоди бозаргонӣ мебошад, ангезиш медиҳад. Моҳияти амалии фаъолнокии инсон дар пайдоиши ғояҳои нав ва муносибатҳои инноватсионии марбут ба ташкили корхонаҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти нав нишон дода шуд. Собит гардидааст, ки зуҳуроти фаъолнокии инсонӣ бегуфтугў ба баланд бардоштани устувории рушди иқтисоди минтақа  имкон медиҳад.

Калидвожаҳо

фаъолнокии инсон, устуворӣ, минтақа, иқтисоди минтақа, зуҳуроти фаъолнокии инсон

Пайнавишт

1.                  Егоров Е. Д., Праксиология: Основы теории. Часть 1. Личность. -М.: Издательские решения, 2017. — 256 с. 

2.                  Смирнов М.Ю. Человеческая активность как процесс актуализации общества // Омский научный вестник. - №3. – 2012. –С. 110-114.

3.                  Унарова Л.Д. Поведение человека: социально-философское осмысливание. – М.: Академия естествознания, 2012.- 338 с.

4.                  Согдийская правда. - №5 от 16 января 2019 г.

5.                  В Таджикистане назвали имена лучших женщин-предпринимателей республики. [электронный ресурс] режим доступа: https://tj.sputniknews.ru/country/20180824/1026546489/tajikistan-luchshie-zhenshchiny-predprinimately.html (дата обращения: 17.01.2020)

Таърихи нашр

Вторник, 21 Апрель 2020