0.0/5 оценка (0 голосов)

Нақши рушди инфрасохтор дар иқтисодиёти минтақаҳо ва ҷанбаҳои методологии арзёбии таъминнокии онҳо

Муаллиф (он)

Шарипова Ш. Шарифзода Ғ.М.

Чакидаи мақола

Нуқтаи назари олимони иқтисоддони хориҷӣ ва ватанӣ дар бораи нақшу  аҳамияти соҳаҳои инфрасохторӣ дар иқтисодиёт мавриди таҳлили объективӣ қарор гирифтааст. Исбот карда шудааст, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои ташкилӣ-иқтисодӣ, ташаккули унсурҳои нави ҷомеа саҳми инфрасохторҳо хело бузург аст. Таҳлили инфрасохтори минтақа аз нуқтаи назари мутобиқати он ба талаботи муосири иқтисодӣ, пеш аз ҳама, дар бобати муайян кардани самтҳо ва дурнамои рушди низоми иҷтимоию иқтисодӣ умуман сурат гирифтааст. Принсипҳои асосии методологии таҳлили инкишофи инфрасохтори минтақавӣ баён шудаанд. Нишондиҳандаҳои рушди унсурҳои таркибии инфрасохторӣ дар сатҳи минтақаҳо ошкор ва гурўҳбандӣ гардидаанд. Муносибатҳои методологии арзёбии рушди соҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Индексҳои хусусӣ ва маҷмўӣ, ки ба арзёбии бо унсур¬ҳои инфрасохторӣ таъмин будани минтақа имкон медиҳанд, мудаллал сохта шудаанд. Дар асоси истифодаи методологияи ба шароитҳои муосир мутобиқи тадқиқ матритсаи таъминоти инфрасохторӣ ва ҷанбаҳои  заъифу қавии он муайян карда шудаанд.

Калидвожаҳо

инфрасохтор, инфрасохтори минтақавӣ, андозагирии инфрасохтор, низоми индикаторҳои таъминоти инфрасохторӣ, индекси хусусӣ ва умумӣ, матритсаи таъминоти инфрасохтории минтақаҳо 

Пайнавишт

1.    Чернявский И.Ф. Инфраструктура сельскохозяйственного производства: Вопросы теории и практики. -М.: Экономика, 1979. – 232 с.

2.    Блохин Ю.В. Производственная инфраструктура региона (Вопросы методологии и методики, опыт исследования). -Кишинев: Штиинца, 1980.- 463 с.

3.    Полян П.М., Трейвиш А.И. Территориальные структуры в науке и практике. -М.: Знание, 1988.

4.    Ткаченко А.А. Территориальная общность в региональном развитии и управлении. -Тверь: Твер. гос. ун-т, 1995. - 155 с.

5.    Мироненко Н.С. Категория производственной инфраструктуры в экономико-географическом страноведении // География производственной инфраструктуры в зарубежных социалистических странах. -М., 1986. – С.5-15.

6.    Петров А.Н., Ильченко А.Н. Эконометрический анализ структурных сдвигов в экономике.- Иваново: Изд-во ИГХТУ.-2011. – 303 с.

Таърихи нашр

Вторник, 21 Январь 2020