0.0/5 оценка (0 голосов)

Интернет ва ҳуқуқ: диди нав ба назария (Тақриз ба рисолаи Абдуҷаббор Абдуҷалилов «Таълимоти умумӣ дар бораи Интернет»)

Муаллиф (он)

Болтуев Самад Шарифбоевич

Чакидаи мақола

Дар ҷамъияти муосир Интернет яке аз омилҳои муносибати байни одамон шуда¬аст. Бинобар ин моҳият ва истифодаи Интернет дар ҳаёти ҳаррӯза предмети тадқиқи намояндагони соҳаҳои мухталифи илм гардидааст. Дар тақриз диққати хонандагон ба асари бунёдии олими маъруфи ҳуқуқшинос Абдуҷаббор Абдуҷалилов дар бораи ҷанбаҳои шаҳрвандию ҳуқуқии Интернет ҷалб карда шудааст. Ҳассосии масоили мазкур дар он зоҳир мегардад, ки муносибатҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ дар фазои виртуалӣ арзи ҳастӣ мекунанд, инкишоф меёбанд ва амалашонро қатъ мекунанд, ва аз ин лиҳоз бо фаҳмиши классикии ин категория дар илм ва амалияи татбиқи хуқуқ фарқ доранд. Рисола барои кормандони илмӣ, аспирантҳо, мутахассисони қонунгузор ва кормандони амалӣ, ки ба масоили назарияи Интернет мароқ зоҳир мекунанд, ҷолиби диққат хоҳад буд.

Калидвожаҳо

ҳуқуқшинос Абдуҷаббор Абдуҷалилов, тадқиқоти бунёдӣ, ҷанбаи шаҳрвандиву ҳуқуқии Интернет, фазои виртуалӣ, масъалаҳои назарияи Интернет, амалияи татбиқи ҳуқуқ

Пайнавишт

Пайнавишт мавҷуд нест

Таърихи нашр

Суббота, 31 Август 2019