0.0/5 оценка (0 голосов)

Ташаккули бизнес-равандҳои даромаднок чун асоси ташкили сохтори идоракунӣ (дар мисоли маҷмааи бандарии вилояти Калининград)

Муаллиф (он)

Крамаренко И.А.

Чакидаи мақола

Ҳолати маҷмааи ҳудудии нақлиётӣ аз рўи ҳамаи намудҳои нақлиёт ва самара­бахшии коркарди маҷрои бор дар ҳамаи самтҳо, ҳам транзитӣ ва ҳам транзитию анборӣ асоси пойгоҳии  рушди устувори иқтисоди вилояти Калининград ба ҳайси ҳудуди эксклав ба шумор  меравад. Ин нукта бебаҳс аст ва масоили маҷмааи  нақлиётӣ ҳамеша дар маркази диққати ҳам мақомоти  федералӣ (Вазорати роҳҳои алоқа, Вазорати нақлиёт, Вазорати иқтисодиёт ва рушд), ҳам мақомоти минтақавӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ,  қарорҳо, барномаҳои  мухталифи  федералӣ  қарор доранд.  Сабаби ба маҷмааи нақлиётӣ зоҳир гардидани таваҷҷўҳи махсус бо нақши муайянкунандаи он чун соҳаи ташаккулдиҳандаи буҷет, ки воридоти  он қисми  назарраси буҷети вилоятро ташкил мекунад, ҳамчунин нақши интегратсионии маҷмаа, ки тавассути  маҷроҳои  нақлиётӣ ҳамгироии байналхалқӣ ва баромади  бизнеси  Русияро ба бозори  байналхалқӣ таъмин мекунад, муайян карда  мешавад. 

Калидвожаҳо

бизнес-равандҳо, иқтисодиёти минтақавӣ, маҷмааи логистӣ, амсила­созии молиявӣ, пўёии иқтисодӣ, оптимизатсияи сохтори молиявии корхонаҳо

Пайнавишт

1.        Амиров, М.Ш. Единая транспортная система: учебник / Амиров М.Ш., Амиров С.М. – М.: КноРус, 2017.

2.        Гаджинский А.М. Практикум по логистике / А. М. Гаджинский. – 8-е изд. – М.: Дашков и К, 2012. – 312 с.

3.        Голубев А.А. Финансовый менеджмент: учебное пособие. – СПб.: СПб НИУ ИТМО, 2013. – 130 с.

4.        Румянцева Е.Е. Финансовый менеджмент: учебник и практикум для бакалавриата и магистратуры / Е.Е. Румянцева. – М.: Юрайт, 2018. – 360 с.

5.        Чаплыгин В.Г. Устойчивость и равновесие, кооперация и координация в глобальном пространстве: Дж. Нэш versus Г. Штакельберг // Известия Томского политехнического университета. – 2004. – №2(307). – С.173-176.

6.        Чаплыгин В.Г. Равновесность систем в глобальном экономическом пространстве // Вестник Калининградского филиала Санкт-Петербургского университета МВД России.– 2013. №4(34)  – С.113-116.

7.        Чаплыгин В.Г., Козловский В.В. Проблемы моделирования стратегического бизнес-планирования в условиях «новой экономики» // Экономика и предпринимательство. – 2017. № 12-2. (Vol. 11, Nom. 12-2). -С. 516-524.

Таърихи нашр

Вторник, 21 Январь 2020