0.0/5 оценка (0 голосов)

Такмили механизми танзими давлатии бозори хизматрасонии бахши хусусӣ

Муаллиф (он)

Кабиров Ш.О., Раджабов К.Р., Саидова М.Х.

Чакидаи мақола

Дар мақола асосҳои назариявии танзими давлатии бозори хизматрасонӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ омўхта шудааст. Таҳлили динамикаи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ва вазни қиёсии он, ки соҳибмулкони гуногун ба аҳолӣ мерасонанд, инчунин дина­микаи миқдори корхонаҳо тибқи шаклҳои  моликият дар солҳои 2010-2016 дар Тоҷи­кистон гузаронида шудааст. Масоили рушди низоми хизматрасонии сектори хусусӣ таҳқиқ ва муайян  карда шуда,  муносибати сектори хусусӣ бо мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ ва худидора арзёбӣ гардидааст. Самтҳои зерини афза­лиятноки рушд ва такмили бозори хизматрасонии сектори хусусӣ асоснок карда шудаанд: таҷдиди сохтори хизматрасонии сектори хусусӣ, ки хизматрасонии хушси­фатро ба аҳолӣ ва иқтисодиёт таъмин менамояд; зиёдшавии шабакаи корхонаҳо ва ташкилотҳои хусусӣ, истифодаи шаклҳои самарабахшу пешқадами хизматрасонӣ; баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, афзоиши ҳаҷм ва фурўши хизматрасонӣ дар асоси истифодаи самараноки иқтидорҳо ва муҷаҳҳазии техникии корхонаҳо ва ташкилотҳои сектори хусусӣ;  такмили  корхонаҳои хурд ва ташкилоти сектори хусусӣ бо назардошти мавсимият ва  талаботи аҳолӣ ба хизматҳо. Консепсия ва барномаи ояндадори  рушди сектори хусусӣ дар соҳаи хизматрасонӣ таҳия карда, механизми танзими давлатии бозори хизматрасонии сектори хусусӣ дар Тоҷикистон такмил дода шудааст.

Калидвожаҳо

сектори хусусӣ, масоил, танзими давлатӣ, бозори хизмат­расонии сектори хусусӣ, умури давлатии хокимияти маҳаллӣ, консепсия ва барномаи рушд

Пайнавишт

1.    Восколович Н.А. Экономика платных услуг/Н.А. Восколович. - М.: ЮНИТИ, 2007. -399 с.

2.    Раджабов Р.К. Региональные аспекты развития сферы платных услуг населению в условиях переходной экономики: Монография/Р.К. Раджабов.- Душанбе: Ирфон, 2013.- 213 c.

3.    Раджабов Р.К. Развитие рынка оказания платных услуг населению в Республике Таджикистан// Вестник Таджикского национального университета. Серия экономических наук.-Душанбе: Сино, 2014. - № 2/4 (138). –С.43-47.

4.    Статистический ежегодник Республики Таджикистан.-Душанбе: АСПРТ, 2017.

5.    Солиев А.А., Рахимзода Б.К. Совершенствование механизма государственного регулирования рынка платных услуг// Вестник Таджикского национального университета. - Душанбе: Сино, 2015. - №2/8(181). – С. 279 – 285.

 6.    Хаксевер К., Барри Рендер, Роберта С. Рассел, Роберт Г., Мердик. Управление и организация в сфере услуг / К. Хаксевер. - 2-е изд./ Пер. с англ. под. ред. В.В. Кулибановой. - СПб.: Питер, 2002. -752 с. 

Таърихи нашр

Вторник, 27 Февраль 2018