0.0/5 оценка (0 голосов)

Нақши кооператсияи матлуботи муосири Тоҷикистон дар бозори молҳои истеъмолӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ

Муаллиф (он)

Ҳабибов С., Ҷамшедов М.

Чакидаи мақола

Дар мақола нақши кооператсияи матлубот дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва бозори молҳои истеъмолӣ дар шароити фаъолияти иқтисоди бозорӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ба  тавсифи умумии кооператсияи матлубот, ҳамчун низоми мустақили иқтисодиву иҷтимоӣ ва хоҷагии бисёрсоҳа аҳамияти махсус дода шудааст.Ташкилотҳои кооперативӣ дар савдо, фаъолияти истеҳсолӣ, маҳсулот­тайёркунӣ,фаъолияти  иқтисодии хориҷӣ ва инчунин дар бахши хизматрасонии соҳаи хўроки умумӣ ва дигар намудҳои кору хадамоти дар раванди фурўши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва молҳои содиротӣ иҷрокунанда, ҳамчунин ҳангоми расонидани хизматҳои гуногун ба аҳолии деҳот саҳми назаррас мегузоранд. Дар мақола тағйирёбии суръати афзоиши нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии низоми кооператсияи матлу­боти ҷумҳурӣ дар солҳои 2005-2014 оварда шудааст. Ҳамчунин таҳлили бисёр­омилаи гардиши чаканаи мол дар асоси истифодаи регрессияи маҷмўӣ амалӣ гардонида, нати­ҷаҳои таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти молиявию хоҷагидории низоми мазкур дар солҳои 2014-2016 нишон дода шудаанд.

Калидвожаҳо

кооператсияи матлубот, бозорӣ, молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ, арза, тақозо, савдо, истеҳсоли молҳо

Пайнавишт

1.    Закон Республики Таджикистан «О потребительской кооперации в Республике Таджикистан» (от 13 марта 1992 г. за № 583, с внесением  изменений и дополнений от 2 12.2002, за № 93).

2.    ХVI съезд потребительской кооперации Таджикистана. - Душанбе: ООО «Хочи Хасан», 2012.- 185 с.

3.    Ефремова Г.М. Потребительская кооперация России XXI века. – Новосибирск: Сиб. ун-т потребительской  кооперации, 1999. - 239 с.

4.    Мирзоев Я. Потребительская кооперация Таджикистана. - Душанбе: Адиб, 2005.- 566 с.

5. Данные Союза «Таджикматлубот» за 2009-2014 гг. 

Таърихи нашр

Вторник, 27 Февраль 2018