0.0/5 оценка (0 голосов)

Арзёбии муқоисавии сохтори минтақавии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф (он)

Ҳошимов Ҳомидҷон Ҳасанович

Чакидаи мақола

Масъалаҳои арзёбии муқоисавии сохтори минтақавӣ дар иқтисодиёти миллӣ, табдили муносибатҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар сатҳи минтақа баррасӣ карда шуданд. Таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки дар асоси онҳо тамоюлҳои рушди минтақаҳо муайян карда шудаанд. Муаммоҳо ошкор карда, роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод карда шудаанд. Рушди ҳар як минтақаро базаи захоири табиӣ, муҳити экологӣ ва таъсири онҳо ба соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ муқаррар мекунад. Механизми фаъолияти минтақаҳо дар фазои иқтисодии мамлакат дорои хусусиятҳои хос мебошад. Ба самарабахшии онсиёсати минтақавӣ, инчунин хусусиятҳои таърихии минтақаҳо ва типи давлат таъсири бузург мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва демократӣ мебошад, бинобар ин, сиёсати давлатии танзими рушди минтақавӣ барои ба даст овардани сохтори миллии иқтисодиёти минтақаҳо нигаронида шудааст, ки иштиғоли пурраи аҳолӣ, беҳтарсозиисатҳизиндагӣ, тақсимотиодилонаидаромад, рушди устувори макроиқтисодиро дар бар мегирад, равона карда мешавад.

Калидвожаҳо

сохтори минтақавӣ, арзёбии муқоисавӣ,нишондиҳандаҳои макроиқ­тисодӣ, нобаробарии рушд, сиёсати минтақавӣ, баробар кардани ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ

Пайнавишт

1.    Демографический ежегодник: статистический сборник. - Душанбе, 2015. - 156 с.

2.    Мироедов А.А., Шарамыгина О.А. Использование показателя валового регионального продукта в оценке экономического развития региона// Вопросы статистики. - 2003. - № 9.- С. 33-41.

3.    Рахимов Р.К. Некоторые вопросы экономической безопасности Таджикистана // Экономика Таджикистана: стратегия развития. – Душанбе, 2008. - № 4. - С.14 .

4.    Социально-экономическое положение Республики Таджикистан: статистический ежегодник. - Душанбе, 2016. – 182 с.

5.    Таджикистан: 25 лет государственной независимости: статистический сборник. - Душанбе, 2016– 836 с.

6. Урунов А.А. Единое экономическое пространство.- М.: ИД «Синергия»,2012.-384 с

Таърихи нашр

Вторник, 27 Февраль 2018